Football : émeute à Kulob – 13 juin 2011

Tajik Soccer Fans Riot After ‘Favoritism’ For President’s Son’s Team

rferl.org

June 14, 2011

KULOB, Tajikistan — Riots broke out in southwestern Tajikistan after angry fans accused soccer referees of favoring the team on which Tajik President Emomali Rahmon’s son is a member, RFE/RL’s Tajik Service reports.

Rahmon’s eldest son, Rustam Emomali, sometimes plays for Tajikistan’s reigning champion and current first-place team, Istiqlol Dushanbe. Istiqlol beat second-place Ravshan 1-0 in the city of Kulob on June 14 with a goal in the 90th minute.

After the final whistle a few minutes later, Ravshan fans attacked the police guarding the field and threw stones and other objects at the game’s referees.

Witnesses said the fans were angry because they believe the referees called the game to Istiqlol’s advantage. Fans who left the stadium attacked the Istiqlol team bus, players’ cars, and even firefighters and ambulances near the stadium.

When rioting groups of fans got near Rustam Emomali — who is also one of the owners of Istiqlol — special police units blocked them, fired their guns into the air, and exploded special devises in order to disperse protesters. Read more…

Боздошти афроди гумонбар дар бенизомиҳои Кӯлоб

ozodi.org

14.06.2011

Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ гуфтаанд, ки бо иттиҳоми даст доштан дар беназмиҳои Кӯлоб 20 нафар боздошт шудаанд.

Муҳаммадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, бист нафар ба далели авбошӣ ва барҳам задани тартибу низом боздошт шудаанд.

Оқои Асадуллоев гуфт, баъд аз анҷоми бозии тимҳои «Истиқлол» – и Душанбе ва «Равшан» – и Кӯлоб миёни мухлисони онҳо сангандозӣ ва задухӯрд сурат гирифт, ки дар натиҷа 10 нафар ҷароҳати сабук бардошта, чор нафарашон дар беморхона бистарӣ шудаанд.

Вай афзуд, бақия захмиён баъд аз ташхиси духтурон аз бемористон ҷавоб дода шудаанд. Оқои Асадуллоев афзуд, аз ҷониби футболбозон ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ касе осеб надидааст ва барои ҷилавгирӣ аз беназмиҳо кормандони милиса дуди ашковарро истифода кардаанд.

Сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ овозаҳо дар бораи ҳамла ба писари раисҷумҳури Тоҷикистон, бозингари «Истиқлол» – Рустами Эмомалиро такзиб карда, гуфт, ба ӯ осебе расонида нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, шоҳиди воқеаҳо мегӯяд, даҳҳо нафар аз мухлисони футбол дар задухӯрд бо милиса захмӣ шудаанд.

Дар поёни бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истиқлол»(Душанбе) ва «Равшан»-и Кӯлоб дар варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб, ки бо пирӯзии «Истиқлол» бо ҳисоби 1:0 ба поён расид, мухлисони футбол доварон ва кормандони милисаро таҳти сангборон қарор доданд. Бархе аз шоҳидони бозӣ мегӯянд, ба ҳисоб гирифта нашудани се ҳолати нобозӣ (оффсайд)-и ҳамлаварони дастаи “Истиқлол” сабаби эътирози мухлисон гардидааст.

Сангандозӣ ба тарафи доварон ва кормандони милиса 5 дақиқа пеш аз поёни бозӣ шурӯъ шуд. Баробари ҳуштаки анҷоми сабқат мухлисони футбол аз варзишгоҳ берун омада, ба автобусу мошинҳои дастаи “Истиқлол” ва ҳам мошини сӯхтонишон ҳамла карданд ва шишаи онҳоро шикастанд.

Замоне ки мухлисон тарафи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, ки бозингари дастаи “Истиқлол” аст, ҳаракат карданд, бахши таъиноти махсуси милиса ё ОМОН барои пароканда кардани издиҳом ба ҳаво тир кушод ва панҷ таркиши тарсонанда анҷом дод.

Аммо Аҳмад Иброҳим, хабарнигори муқими шаҳри Кӯлоб, ки шоҳиди ин воқеа будааст, дар тамос ба радиои Озодӣ гуфт, бар асари як таркиш дар дохили варзишгоҳ ҳудуди 5-6 нафар ҷароҳат бардошт ва як катори курсиҳои варзишгоҳ тахриб шудаанд.

Ба дунболи инфиҷор дар дохили майдон, мухлисон ва нерӯҳои амниятӣ дар хориҷи варзишгоҳ ба ҳам даргир шудаанд ва нерӯҳои интизомӣ барои пароканда кардани онҳо аз гази ашковар истифода намудаанд. Read more …

Informations

Kulob (en tadjik : Кӯлоб ; en persan : کولاب) est une ville de 90 000 habitants située dans la province de Khatlon, au sud du Tajikistan. Elle est la troisième ville du pays en termes de population.

 

~ par Alain Bertho sur 15 juin 2011.

Laisser un commentaire